Таҳлил ва идоракунии захираҳои молиявии корхона дар мисоли ҶДММ “Ромашка”

Автор работы: Пользователь скрыл имя, 14 Апреля 2014 в 15:31, курсовая работа

Краткое описание

Муҳимияти идоракунии захираҳои молиявии корхонаҳо дар он зоҳир мегардад, ки аз ҳолати молиявии он бархурдор гардида, бевосита барои беҳтар гардонидани сатҳи фаъолияти корхонаҳо истифода бурда мешавад. Ҳангоми идоракунии захираҳои молиявии корхона ба самти мувофиқ равона кардани захираҳо аён гашта, барои тараққӣ додани раванди фаъолият пешбинӣ карда мешавад.

Содержание

БОБИ 1. ТАҲЛИЛИ ҲОЛАТИ МОЛИЯВИИ ҶДММ «РОМАШКА»
Ҳисоботи молиявӣ – асоси ахборотии таҳлили фаъолияти молиявии корхона…………………………………………………………
Таҳлили ҳолати молумулк, ӯҳдадорӣ ва сармояи худӣ………….....
Ҳисобу китоби нишондиҳандаҳои бозоргирӣ……………………….
Таҳлили нишондиҳандаҳои даромаднокӣ……………………………
Ҳисобу китоби нишондиҳандаҳои гирдгардиш……………………..
Самараи фишанги молиявӣ…………………………………………….
Ҳисобу китоб ва баҳогузории сатҳи фишанги амалиётӣ…………..
БОБИ 2. ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ МОЛИЯВИИ КОРХОНА
2.1 Сармояи софи гардон ва талаботҳои молиявии ҷорӣ ………………
2.2 Идоракунии воситаҳои пулӣ…………………………………………….
2.3 Таҳлил ва идоракунии қарздории дебиторӣ……………………….....
2.4 Идоракунии зидди бӯҳронии захираҳои молиявии корхона……...
ХУЛОСА………………………………………………………………………....
РӮЙХАТИ АДАБИЁТҲОИ ИСТИФОДАШУДА………………………….
ЗАМИМА...............................................................................................................

Прикрепленные файлы: 1 файл

bonil-Курсовая.docx

— 1.55 Мб (Скачать документ)

 

 

ЧОК (ССГ) = Дороиҳои ҷорӣ – Пассивҳои ҷорӣ = 7023319 – 7179000 = -155681

 

Аз натиҷаҳои ҳисоби сармояи софи гардони корхона маълум гардид, ки дороиҳои ҷории корхона аз пассивҳои ҷорӣ 155 681 ҳаз.сомонӣ кам буда, аз он шаҳодат медиҳад, ки корхона дар ин соли ҳисоботӣ дар сатҳи пасти молиявӣ қарор дорад.

Ин ҳолат аз он шаҳодат медиҳад, ки корхона воситаҳои худи гардонро надорад ва пардохтпазир ба ҳисоб намеравад. Аз ин бар меояд, ки корхона хавфи муфлисшавӣ дорад.

 

 

 

 

 

    1. Идоракунии воситаҳои пулӣ

Идоракунии ҷараёни пулӣ, яке аз самтҳои асосии фаъолияти менеҷери молиявӣ ба ҳисоб меравад. Он бо худ ҳисоби воситаҳои пулӣ, таҳлили ҷараёни пулӣ, пешгӯии он, муайян намудани сатҳи оптималии воситаҳои пулӣ, тартиб додани буҷети воситаҳои пулӣ ва ғайраро дар бар мегирад. /1,саҳ.51/

Давраи молиявӣ ё ин, ки давраи ҷараёни пули нақд бо худ вақтеро дар назар дорад, ки давоми онвоситаҳои пулӣ ба тарафи дигар аз гардиш ҷалб карда шудааст.

Давраҳои асосии ҷараёни воситаҳои пулӣ дар раванди истеҳсолот дар расми 2.1 оварда шудааст:

 

Расми 2.1 Сохтори давраҳои ҷараёни воситаҳои пулӣ

 

Маънои сохтори дар боло зикр гардида дар он зоҳир мегардад, ки давраи амалиётӣ вақти умумиро дар бар мегирад ва дар давоми он сарчашмаи молиявӣ дар захираҳо ва қарздории дебиторӣ беҳаракат мемонад.

Ҳамин тавр, давраи молиявӣ дар гардиш чунин ҳисоб карда мешавад, ки ҳамчун принсипи якуми идоракунии воситаҳои пулӣ пазирцфта мешавад:

ПФЦ = ПОЦ – ВОК = ВОЗ + ВОД – ВОК   (2.3)

Дар навбати худ элементҳои формулаи мазкур чунин ҳисоб карда мешавад:

 

 

 

Дар ин ҷо:

  • ПОЦ – давомнокаии давраи амалиётӣ;
  • ВОК – вақти ҷараёни қарздории кредиторӣ;
  • ВОЗ – вақти ҷараёни қарздории дебиторӣ;
  • Т – дарозии даврае, ки нишондиҳандаҳои миёна ҳисоб карда мешаванд (Т – як сол – 365 рӯз) /4,саҳ.135/

Принсипи дуюми доракунии воситаҳои пулӣ ин - таҳлили воситаҳои пулӣ мебошад, дар асоси нишондиҳандаҳои соли ҳисоботӣ гузаронида мешавад. Дар навбати худ, менеҷери молия бояд на танҳо натиҷаҳои молиявиро, балки таҳлили ҳаракати воситаҳои пулиро дар соли ҳисоботӣ муқоиса намуда, тағйирёбии сарчашмаи онҳо ва ба самти зарурӣ равона кардани онҳоро аз худ намояд. Барои таҳлили ҳаракати воситаҳои пулӣ "Ҳисобот оиди ҳаракати воситаҳои пулӣ"асос шуда метавонад.

Ҳисоботи оиди ҷараёни пулӣ барои менеҷери молия ҳамчун дорандаи ахбороти муҳим истифода бурда мешавад. Нишон додани ҳаракати воситаҳои пулӣ дар ҳолати фаъолияти молиявӣ дар он аст, ки ҳисобот оиди ҷараёни пулӣ дида шуда ҳисобҳои ӯҳдадорҳои дарозмуддат, сармояи саҳомӣ ва маълумот дар бораи пардохти дивидендҳо мебошад.

Сеюм принсипи идоракунии воситаҳои пулӣ дар корхонаҳо - ин муқаррар намуднаи сатҳи оптималии воситаҳои пулӣ мебошад. Воситаҳои пулии корхона ин воситаҳои пулии дар хазина  ва дар суратҳисобҳои бонкӣ бударо дар бар мегирад.

Намудҳои гуногуни дороиҳои ҷорӣ бозоргирии бештарро дар бар мегиранд,  ки дар он давраи муваққатиро фаҳмидан мумкин аст, ки барои мубаддал гардонаидани дороҳи мазкур муҳимият дорад ва танҳо ба воситаи пулӣ бозоргирри мутлақ хос аст.

Ҳамин тариқ барои дар вақташ пардохт намудани ҳисобҳо ба фармоишгарон корхона бояд, сатҳи муайяни бозоргирии ҷориро дошта бошад.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

    1. Таҳлил ва идоракунии қарздории дебиторӣ

Қарздории дебиторӣ аз калимаи англисии “accounts reseivable” гирифта шуда, маънояш суммаи қарз мебошад. Бо маънои дигар, қарзи дебиторӣ – суммаи пулие мебошад, ки харидорон ба корхона бояд барои хариди маҳсулот, истифодаи хизматрасонӣ ва ғайра пардохт менамоянд.

Қарздории дебиторӣ новобаста аз мӯҳлати пардохт ба дороиҳои гардони корхона дохил мешавад. Он чунин дороие мебошад, ки сатҳи ликвиднокии баланд дошта, тез ба воситаҳои пулӣ мубаддал мегардад ва дар вақти фурӯши маҳсулот ба намуди қарз ба вуҷуд меояд.

Моҳияти иқтисодии қарздории дебиторӣ бо худ воситаеро дар назар дорад, ки муваққатан аз гардиши воситаҳои  корхона боздошта шудааст. Ин ба таври оддӣ маблағ аст, маблағе, ки дар корхона фикран мавҷуд аст, аммо дар амал мавҷуд нест.

Омили асосии муайян намудани ҳолати молиявии корхона аз воситаҳои гардон, ки яке аз элементҳои он – қарздории дебиторӣ мебошад, вобаста аст. Сатҳи қарздории дебиторӣ бо воситаи факторҳои зиёд муайян карда мешавад, масъалан: намуди маҳсулот, ғунҷоиши бозор, сатҳи пуррагии бозор аз маҳсулот ва қабули низоми ҳисоби муайян.

Ду намуди идоракунии қарздории дебиториро аз ҳам фарқ мекунанд:

1. Муқоисаи фоидаи иловагӣ, ки аз ин ё он сохтори маблағгузории ғайримуқаррарӣ, бо хароҷотҳо ва сарфҳо, ки дар ҳолати тағйироти сиёсати фурӯши маҳсулот ба амал меояд;

2. Муқоисаи бузургӣ ва мӯҳлатҳои қарздории дебиторӣ ва қарздории кредиторӣ. Муқоисаи зерин дар асоси сатҳи пардохтпазирии кредиторӣ, вақти кӯҳнашавии пардохт, стратегияи тахфиф, таҳвили даромад ва харҷот;

Идоракунии қарздории дебиторӣ бештар  назорати гирдгардиши воситаҳоро талаб менамояд. 

    1. Идоракунии зидди бӯҳронии захираҳои молиявии корхона

Мақсадҳои асосии таҳлили молиявӣ – ин муайян намудани аломатҳои муфлисшавии корхона мебошад, ки бо ҳисоби нишондиҳандаҳо муайян карда мешавад.  Муфлисшавӣ бо пардохтпазирии корхона вобаста аст.

Дар сатҳи иқтисодиёти субъектони хоҷагидорӣ раванди муфлисшавӣ, ки ин ҳолат аз пардохтпазир набудани корхона шаҳодат медиҳад. Эҳтимолияти пешгӯи намудани муфлисшавии корхона системаи таҳлили молиявиро инъикос менамояд, ки ба тадқиқоти параметрҳои тараққиёти бухрони корхона бо маълумоти ҳисоботи молиявӣ равона карда шудааст. 

Тарзҳои пешгӯӣ намудани муфлисшавӣ инҳо ба ҳисоб меравад:

  • пешгӯи намудани нишондиҳандаҳои пардохтпазирӣ;
  • ҳисоби индекси пардохтпазирии қарз - модели Альтман.

Барои баҳодиҳии нишондиҳандаҳои сохтори тавозун чунин нишондиҳандаҳо истифода бурда мешавад: /1,саҳ.64/

  • нишондиҳандаи бозоргирии ҷорӣ:

 

  • нишондиҳандаи таъмини воситаҳои худи гардон:

 

  • нишондиҳандаи барқароркунии пардохтпазирӣ:

 

Дар ин ҷо:

  •  – коэффисиенти фаъолияти ҷориӣ дар охири давра;
  • - коэффисиенти фаъолияти ҷориӣ дар аввали давра;
  • Т – давраи ҳисоботӣ;

Хамчунин модели панҷомилаи Э. Альтман истифода бурда мешавад:

                     (2.10)

Аз ин ҳосил мешавад:

 

 

 

 

 

Дар ин ҷо:

    • ТА –дороиҳои ҷорӣ;
    • ТП –пассивҳои ҷорӣ;
    • ПНР – фоидаи тақсимнашуда;
    • Пр до уп Т – фоида то андозбандӣ;
    • СК – сармояи худӣ;
    • ЗС – сармояи ҷалбшуда;
    • Вр – даромади соф аз фурӯш.

Ҳамин тариқ аз модели панҷомилаи Э. Альтман истифода бурда, дар асоси маълумотҳои ҳисоботи молиявии ҶДММ «Ромашка» индекси пардохтпазирии корхонаро ҳисоб менамоем:

Ҷадвали 2.3

Ҳисоби модели панҷомила

Ҳисоби модели 5-омила

Соли 2010

Соли 2011

К1

0,01

0,02

К2

0,003

0,01

К3

0,03

0,01

К4

0,08

0,16

К5

0,14

0,12

Z

0,263

0,32


 

 

Ҳангоми:

Z < 1,8 – эҳтимолияти муфлисшавӣ  бузург аст;

1,8 < Z < 2,675 – эҳтимолияти муфлисшавӣ миёна аст;

2,675 < Z < 2,99 – эҳтимолияти муфлисшавӣ на он қадар баланд аст;

Z > 2, 99 – эҳтимолияти муфлисшавӣ мавҷуд нест.  /1,саҳ.67/

Чӣ хеле, ки дар ҷадвали 2.3 бо воситаи модели панҷомилаи Э. Альтман индекси пардохтпазирӣ ҳисоб карда шуд, корхона дар ҳолати муфлисшавӣ қарор дорад, зеро мувофиқи ҳисобҳо дар соли 2010 Z < 1,8 < 0,263 ва дар соли 2011 Z < 1,8 < 0,32- ро ташкил медиҳад.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

ХУЛОСА

Раванди иҷрои кори курсии мазкур имконият дод, ки миқдори муайяни фаҳмиш ва дарки баъзе аз муаммоҳоро пайдо намоям. Дар рафти таҳлил ва ҳисоби нишондиҳандаҳои молиявӣ ба хулосае омадам, ки барои ҳар як корхона муайян намудани сатҳи молиявии он муҳим аст, ки дар асоси муайян сохтани ҳолати молиявӣ, менеҷери молиявӣ ва ё ин ки сармуҳосиб бевосита метавонад оиди фаъолияти ояндаи корхона пешгӯӣ намуда қарорҳои мувофиқ, вобаста ба маълумотҳои  ба даст оварда қабул намояд. Бинобар ин ҳам, бо мақсади рушд ва тараққӣ додани фаъолити корхонаҳо, ки барои ба даст овардани фоида равона карда мешавад, бояд бетараф набуда, ҳар як нозукиҳои онро таҳлил намудан муҳим аст.

Дар боби якум, истифода аз ҳисоботҳои ҳолати молиявӣ ва ҳисобот оиди фоида ва зарари ҶДММ “Ромашка”, ки ҳамчун корхонаи истеҳсолӣ фаъолият мебарад, барои муайян намудани ҳолати молиявии корхонаи мазкур таҳлили ҳисоботи соли 2011 нисбат ба соли 2010 гузаронида шуд. Дар баробари ин, ҳамчунин, нишондиҳандаҳои бозоргирӣ, даромаднокӣ ва гирдгардиш ҳисоб карда шуд ва дар асоси натиҷаҳои онҳо таҳлили молиявӣ тартиб дода шуд. Натиҷаҳо ва таҳлилҳо нишон доданд, ки ҳолати молиявии корхона дар сатҳи пасти молиявӣ қарор дошта, ҳатто хавфи муфлисшавиро дорад, зеро натиҷаҳои нишондиҳандаҳо аз меъёри муқаррарии стандартҳои байналхалқӣ паст буда, ба талаботҳои он ҷавобгӯ намебошад. Агар яке аз натиҷаҳоро мисол орем - сатҳи сармояи софи гардони корхона манфӣ аст, яъне корхона сармояи софи гардон ва ё воситаҳои худии гардонро надорад. Ин яке аз омилҳоест, ки корхона дар сатҳи пасти молиявӣ қарор дорад. Омили дигар, ин ҳаҷми зиёди қарздории кредиторӣ ва воситаҳои қарзии корхона мебошад, ки дар ҳолати кам будани дороиҳои гардон ва набудани воситаҳои худии гардон корхона наметавонд, бо воситаҳои худӣ ӯҳдадориҳои ҳам ҷорӣ ва ҳам дарозмуддати худро рӯйпӯш ва пардохт намояд.

Дар боби дуюм идоракунии захираҳои молиявӣ мухтасар шарҳ дода шуда, дар он идоракунии сармояи софи гардон, идоракунии воситаҳои пулӣ, идоракунии қарздории дебиторӣ ва идоракунии зидди бӯҳронии захираҳои молиявии корхона ҳисоб карда шудааст.

Аз ҳисоби индекси пардохтпазирии корхонаи ҶДММ “Ромашка” ба хулосае омадам, ки корхона умуман пардохтпазир нест, зеро натиҷаҳо нишон доданд, ки ҳисобҳо аз меъёри муайян ҳам паст буда эҳтимолияти муфлисшавии корхонаи мазкур дар сатҳи ниҳоят баланд қарор дорад.

Новобаста аз ин ҳам мувофиқи таҳлилҳо муайян гардид, ки дар солҳои ҳисоботӣ, дар соли 2011 нисбат ба соли 2010 сатҳи фаъолияти корхона паст гардидааст. Барои ин гуфтаҳо фоидаи соф далел шуда метавонд, ки он аз ҳаҷми дороиҳо ва фоидаи тақсимнашуда якчанд маротиба паст аст.

Натиҷаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки барои корхона ҷалб намудани маблағгузорӣ зарур буда, дар асоси ин фаъолияти истеҳсолии худро бо усулҳои беҳтар ба роҳ гузорад.

Яке аз пешниҳоди беҳтар гардонидан ва баланд бардоштани сатҳи молиявии корхона – ин таҷҳизоти ҳозиразамон ба даст оварда, бо ин роҳ ҳаҷми истеҳсолиашро зиёд гардондан аст. Дар натиҷа фоидаи зиёд ба даст оварда, метавонд ӯҳдадориҳои кредиторӣ ва қарзиашро пардохт намуда, фаъолияти истеҳсолиашро аз муфлисшавӣ нигоҳ дорад.

 

 

 

 

 

РӮЙХАТИ АДАБИЁТҲОИ ИСТИФОДАШУДА

  1. Бобоев М.У., Ахмедов У.Х. Финансовый менеджмент:  Методическое указание к выполнению курсовой работы, Худжанд, 2002 – 80 с.
  2. Бобоев М.У., Юсупова Г.А. Фининсовый менеджмент: Учебное пособие – ООО «Маркази ноширии Солитон», Худжанд, 2011 – 195с.
  3. Юджин Ф.Бригхэм, Майкл С.Эрхардт. Фининсовый Менеджмент, 10-е издание – Пер. с англ. под ред. к.э.н Е.А.Дорофеева СПб.: Питер, 2007 – 960 с.:ил. – (Серия «Академия финансов»)
  4. Е.А. Стоянов, В.П. Грошев, Э.М. Коротков, М.В. Никорук. Финисовый менеджмент: теория и практика: Учебник / под.ред. Е.С. Стояновой – 5-е издание., перераб. и доп. – М.: Изд-во «Перспектива», 2002 – 656 с.
  5. Донцова Л.В., Никифорова Н.А. Анализ финансовой отчётности: Учебное пособие. – 2-е изд. – М.: Издательство «Дело м Сервис», 2004. – 336 с.
  6. Барнома барои таҳлили молиявӣ 
  7. Сомонаҳо: www. finanalis.ru

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Замимаи №1

Замимаи №2

 

 

 

Замимаи №3

Ҳисобот оиди ҷараёни пулӣ

 

 

 

 

 

 

 

 

Замимаи №4

Ҳисобот оиди ҳолати молиявии ҶДММ «Ромашка»

(тарҷума)

Номгӯи ҳисоби тавозунӣ

Соли 2011

Соли 2010

Дороиҳо

   

1.Дороиҳои ғайригардон

   

Воситаҳои асосӣ

123 456

121 888

Сармоягузории молиявӣ

525 525

525 525

Дороиҳои андозии мавқуфгузошташуда

90 000

8 000

Дигар дороиҳои ғайригардон

                 150 000

100 000

  2. Дороиҳои гардон

   

Захираҳо

1 900 850

1 800 750

Андоз ба илова кардани арзишҳои гирифташуда

500 000

533 000

Қарздории дебиторӣ

2 111 500

1 718 507

Маблағгузории молиявӣ

50 000

0

Воситаҳои пулӣ

1 525 920

1 070 734

Дигар дороиҳои гардон

935 049

843 096

Ҳамагӣ - дороиҳо:

7 912 300

6 721 500

Пассивҳо

   

3. Сармоя ва захираҳо

   

Сармояи оинномавӣ

1 500

1 500

Баҳодиҳии дороиҳои ғайригардон

1 800

0

Фоидаи тақсимнашуда

700 000

650 000

           4. Ӯҳдадориҳои дарозмуддат

   

Ӯдадориҳои андозии мавқуфгузошташуда

30 000

25 000

           5. Ӯҳдадориҳои кӯтоҳмуддат

   

Воситаҳои қарзӣ

2 588 000

4 565 000

Қарздории кредиторӣ

4 586 500

1 480 000

Баҳодиҳии ӯҳдадориҳо

4 500

0

Ҳамагӣ - пассивҳо:

7 912 300

6 721 500

Информация о работе Таҳлил ва идоракунии захираҳои молиявии корхона дар мисоли ҶДММ “Ромашка”